ВОСЕЪ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар маӽаллаи ба номи Абӯабдуллоҳ Рȳдакии ҷамоати шаӽраки Ӽулбуки ноӽияи Восеъ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир гардид.
Дар ин вохȳрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ Сафарова Ӽафиза иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимнан Сафарова Ӽафиз оид ба дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ, хатари терроризму экстремизм суханронӣ намуда қайд намуд, ки вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад.
Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин таҳдиду талошҳо омадааст: «Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва рȳшди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад».