БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ СУДМАНД БА ХОТИРИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Саннаи 20.06.2019 кормандони масъули Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизби «Меҳрубон»-и ҷамоати шаҳраки Балх хониши сиёсӣ баргузор намуданд.

Дар хониши сиёсӣ Содиқова Меҳрубон-муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок карда, ҷамъомадагонро ба муносибати ҷашни “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” табрику муборакбод намуда,  атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ аз ҷумла, оид ба роҳҳои пешгирии гаравидани шаҳрвандон ба ташкилоту ҳаракатҳои иртиҷоӣ, хатарҳои терроризму экстремизм ва моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg