А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар доираи иқдомҳои созандагиву бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сайёд»-и деҳаи Сайёд ҷамоати деҳоти 50-солагии Тоҷикистони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ишироки раиси ташкилот оид ба самтҳои афзалиятнокии фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Сипас, баъд аз баргузории хониши сиёсӣ бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» корҳои тозакунии ду тарафи роҳи байни маҳалла ва назди хонаҳои истиқоматӣ аз алафҳои бегона ва хору хасҳо корҳои ободонӣ гузаронида шуд.