ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар доираи баргузории хонишҳои сиёсӣ оид ба татбиқи амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи «Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ» дар ташкилоти ибтидоии «Ҳисоробод»-и ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суҳбат баргузор гардид.
Зимни ҳамоиш зикр гардид, ки муҳтавои Паёми солонаи Пешвои миллат аз он иборат аст, ки мебояд ҳар сокин ҷиҳати дар амал татбиқ намудани он кореро новобаста аз вазъи иҷтимоии худ анҷом диҳад. Дар ҳамин ҳолат мо метавонем дар ҷомеа пешрафтро амалӣ намуда, зиндагии шоистаи худро таъмин созем. Дар охир оид ба ҳадафҳои олии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти он суҳбату муколама сурат гирифт.