БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАКТАБИ ХУДРО ДАСТАҶАМЪОНА ТАЪМИР МЕКУНЕМ!

ХОВАЛИНГ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии  “Айлодара”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзои ноҳияи Ховалинг  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ  гузаронида шуд.

Аз баромади раиси ташкилоти ибтидоӣ Руқия Наврӯзова чунин баромад, ки аъзои ташкилот, ки аксар занони хонанишин ва шахсони бешуғланд,   ба чунин маълумотҳо дар бораи истифодаи нерӯи барқ, хатари терроризм, пешгирии ҷавонон аз ҳамроҳ шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, риояи урфу одат ва фарҳанги миллӣ, бемориҳои сироятӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ки дар баромад баён карда шуданд, эҳтиёҷ доранд.

Дар Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” таъмири бинои мактаб оғоз гардида, сокинон  азми қавӣ доранд, ки ба тариқи ҳашар  ва  бо дастгирии якдигар дар шафати мактаб синфхонаи иловагӣ  месозанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg