КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ба хотири тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф ва сазовор таҷлил намудани ҷашни бошукуҳи Ваҳдати миллӣ дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бо иштироки фаъолонаи аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар деҳаи Малик Гиёеви Ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Кӯшониён дар шоҳроҳи Душанбе-Бохтар ҳашари умумӣ ташкил карда шуд.
Ҳашарчиён партовҳо ва ҳар гуна алафҳои бегонаи худрӯйро аз гирду атрофи шоҳроҳи Душанбе-Бохтар тоза намуданд, зеро шоҳроҳи мазкур гузаргоҳи сайёҳони дохиливу хориҷӣ ва меҳмонони олиқадр мебошад.
Дар охир оид ба ҳадафҳои олии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти он суҳбату муколама сурат гирифт.