Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Имрӯз кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Дуредгарон»-и ҷамоати шаҳраки Балх доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор намуданд.
Зимни суҳбат масъулини ҳизбӣ оид ба татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, аз ҳар як иштирокчӣ даъват ба амал оварданд, ки ҳидоятҳое, ки аз Паёми имсола бармеоянд, барои рушду пешрафти Ватан ва таъмини зиндагии осудаи сокинони мамлакат равона карда шудааст ва моро зарур аст дар иҷрои он дастуру супоришҳо бетараф набошем.