БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАНЗАЛАТИ БАЛАНДИ САТҲИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ ВА МИЛЛАТИ ТОҶИК АЗ ЭЪТИРОФИ БАЛАНДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР АРСАИ ҶАҲОН АСТ

АНДЕША. Бебаҳс аст, ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ ақлу заковат, бархурди саривақтӣ ба равандҳои ҷаҳони муосир, кӯшишу талош барои ҳалли масоили дохилию байналмилалӣ ва дигар хусусиятҳои фардии як сиёсатмадор метавонад, ки боиси боло рафтани обрӯ ва манзали як кишвар ва ё як миллат дар арсаи ҷаҳонӣ гардад. Ва ё баръакси ин гуфтаҳоро низ мушоҳида кардем, ки то чи андоза як роҳбари заиф ва ё аз лиҳози сиёсӣ дар арсаи дохилию байналмилалӣ эътирофнашуда метавонад, ки ба обрӯ ва ё манзалати як миллати ҳатто комилан эътирофшудаи байналмилалӣ латма занад.

Воқеан, ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки чанд рӯзи охир дар кишваримон – Тоҷикистони азизу соҳибистиқлол доир  гардид, бори дигар собит сохт, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари таъсиргузор дар сиёсати ҷаҳонӣ мавқеи худро мустаҳкам кардааст. Дар ин росто, иштироки фаъолони сарони кишварҳои узв ва намояндагони онҳо, суханҳои онҳо дар васфи Тоҷикистону миллати куҳанбунёди тоҷик, эҳсоси гарму самимии онҳо ба миллату кишвари мо, пазироии самимии Сарвари давлати мо аз меҳмонони олиқадр, алорағми ҳама хостаҳои бадгӯёну душманони ин миллат, беихтиёр моро ба ин фикр водор намуд, ки воқеан талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар муддати камтар аз 28 сол Тоҷикистонро аз як кишвари ҷангзадаи минтақаи Осиёи марказӣ ба як мамлакати амну макони баргузории чорабиниҳои муҳими сатҳи байналмилалӣ, кишвари фаъол дар ҳалли проблемаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва субъекти муҳим дар ҳалли мушкилоти хусусияти глобалидошта табдил диҳад, миллати тоҷикро, ки дар гузашта начандон дур ҷаҳониён бо “шарофат”-и фитнаҳои хоинони ин миллат бо номи бади “бародаркӯш” шинохтанд, имрӯз ба як миллати меҳмондӯст, созанда, бунёдкор, дорои обрӯ ва манзалати баланд дар назди ҷаҳониён муаррифї созад.

Ҳамчун як шаҳрванди ин кишвар, ки имрӯзҳо қалбам пур аз ифтихори милию тоҷику тоҷикистонӣ будан аст, мехоҳам чанд нуқтаи ҷолиберо, ки аз ин ҳамоиши байналмилалӣ- саммити панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё эҳсос намудам баён созам.

Нахуст, қобили таваҷҷуҳ ва ифтихормандии ҳар фарди соҳибватан аст, ки дар ҳамоиши мазкур бо даъвати Пешвои миллат, Президенти кишвари мо, муҳтарам Эмомалї Раҳмон аксар сарони аввали кишварҳо иштирок варзиданд. Аз ҷумла, Раиси Иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Наврӯз Исмоилоғлу Мамедов, Сарвазири Шоҳигарии Камбоҷа Хун Сен, Ноиби Президенти Ҷумҳурии Ветнам хонум Данг Тхи Нгок Тхин, Президенти Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Муҳаммад Абдул Ҳамид, Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Майтрипала Сирисена, Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ, Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва роҳбарони ташкилоту созмонҳои бонуфузи олам, боиси ифтихори мо ва нишонаи эътирофи баланди кишвару Сарвари мост! Бояд гуфт, бори аввал аст, ки ба кишвари мо меҳмонони воломақом, амсоли Раҷаб Тайиб Эрдуғон, Амири давлати Қатар ва дигарон ташриф овардаанд. Иштироки сарони қариб 70 фисади аҳолии рӯи замин барои кишвари мо ифтихорест воқеан ҷаҳонӣ, зеро баргузории чунин ҳамоиши бузурги байналмилалї бори аввал дар таърихи Осиёи Марказист.

Дуввум пазируфтан ва матраҳ кардани мушкилоте, ки доимо дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати кишвари мо, амсоли сулҳ, амният ва субот дар Осиёст дар Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) ба таври дахлдор баррасӣ ва доир ба ҳалли онҳо тасмимҳои муштарак гирифта шуд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ин машварати сатҳи баланд изҳор доштанд: “Айни ҳол минтақаи фарохи Осиё бо таҳдидҳое рӯ ба рӯ аст, ки дар пасманзари онҳо тақдири таърихии мардум дар роҳи саъю талошҳо баҳри рушди иқтисодию устувори муштарак ва пешрафт бо ҳам пайвастаанд. Тоҷикистон зарурати пешбурди минбаъдаи талошҳоро ҷиҳати таҳкими сулҳу субот ва амният дар Осиё, тадбиқи ҳамкории бисёрҷанба ва татбиқи чораҳои эътимодсозиро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва башардӯстӣ дар доираи раванди МҲТБО таъкид менамояд”. Дар идома зикр доштанд, ки: «Тоҷикистон қадру қимати сулҳу суботу оромиро ва зарурати мутлақи ҳифзу таҳкими онҳоро дарк намуда, гиромӣ медорад».

Зимнан, дигар сарони давлатҳо ба ин таъкидҳо, ки баёнгари воқеияти таҳаввулоти шаклгирифтаи сиёсати ҷаҳонӣ мебошад, ҳамрайъии худро иброз намуданд. Аз ҷумла, Владимир Путин бар пояи ин гуфтаҳо иброз дошт, ки «Кишварҳои аъзои МҲТБО-ро зарур аст, то бо таҳдидҳои замони муосир муборизаро тақвият бахшанд».

Сеюмин нуктае, ки аз аҳамияти баланди ин чорабинӣ дарак медод, ин баёни хоҳиши иштирок ва ширкати зиёда аз 650 рӯзноманигор аз кишварҳои мухталифи олам ба ҳисоб меравад. Иштироки ин миқдор рӯзноманигор агар аз як ҷиҳат имконияти хуби бозтоби васеи мавзӯъҳои баррасишавандаи ҳамоиш ва василаи хуби муаррифи кишвари азизамон гардида бошад, аз ҷониби дигар  ба далели ба як кишвари ҷолибу мавриди таваҷҷуҳи табдил ёфтани Тоҷикистони азиз аст.

Чорум, ҳамоиши мазкур ба як майдони хуби муаррифии таъриху осори миллати тоҷик ва омили таваҷҷуҳ зоҳир кардани сиёсатмадорони сатҳи байналмилалӣ ба илму адаби гузаштагони миллати тоҷик табдил ёфт.

Чунончї, Си Ҷинпин раисиҷумҳури мардуми Чин барои тақвияти суханҳояш дар робита ба сулҳу осоиштагӣ аз мисраҳои шеърии поягузори адабиёти классики тоҷик устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ин иқтибосро овард, ки боиси фараҳмандї ва ифтихори миллист:

Ҳама ниюшаи хоҷа ба некӯию ба сулҳ аст,

Ҳама ниюшаи нодон ба ҷангу фитнаву ғавғост.

Ҳамзамон, инро метавон омили боло гирифтани ифтихори миллии ҳар тоҷику Тоҷикистонї номид, бахусус вақте, ки сарвари давлат дар қароргоҳи беруназшаҳрии МИҲД-и шаҳри Душанбе бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ аз расму русум, гузаштаи пурифтихор ва хонаҳои оддии сирф миллӣ ба ифтихори баланди миллї суҳбат мекарданд.

Панҷум, бо шунидани баромади намояндагони бархе аз давлатҳои минтақа бори дигар моро эҳсоси ифтихор ва шукргузорӣ аз доштани кишвари соҳибистиқлол ва оромиву осоиштагии ватанамон фаро гирифт. Аз ҷумла, гуфтаи Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки “Афғонистон ташнаи сулҳу оромиш аст”, аз пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе ҳамчун шаҳри сулҳу ободӣ ситоиш намуда, бо эҳтимоли зиёд дар дил ҳасрат мебарад, ки кош Кобул ҳам рӯзе ба маркази сулҳу ободии Афғонистон табдил ёбад. Ё худ ба истиқлолияти комил даст ёфтани Тоҷикистон барои кишварҳои дигар ба як сарчашмаи умед ба ояндаи дурахшон табдил ёфтааст ва бо дидани ин азаммати истиқлол дар кишвари мо вазири корҳои хориҷии Фаластин иброз доштааст, ки: "Мо дигар намехохем автономия (мухтор) бошем мо мехохем давлати мустакили Фаластин бошем".

Шашум, гуфтаҳо, муомилаву муносибатҳо ва рафтори сарони кишварҳои ҷаҳон бо Пешвои муаззами миллати мо нишон дод, ки Сарвари давлати мо ва дар симои он кас миллати моро ҷаҳониён дӯст медоранду эҳтиром мегузоранд. Ҳатто дар шабакаҳои русӣ муносибати дӯстонаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Русияро ба таври махсус ва самимӣ намоиш дода, истиқболу бародарона оғуш кардани якдигарашонро зимни вохуриҳои расмию ғайрирасмї “Оғӯши сатҳи президентӣ” (Обнимашки президентского уровня) муаррифӣ карданд.

Ахиран, ошкор гардидани дуруғу туҳмат, буҳтон ва нотавонбинии гурӯҳи бо ном мухолифини кишвари мо дар рӯзҳои баргузории ин ҳамоиши байналмилалӣ буд. Бояд гуфт, эшон мехостанд, ки аз ин чорабинӣ ба сифати василаи беобрӯ кардани давлату миллати тоҷик истифода баранд. Аз ҷумла, наҳзатиён, ки ҳамчун террористу экстримист мавриди пайгард қарор доранд худро дар пушти исми дигаре (ПМТ) пинҳон карда, бо муроҷиатномае мехостанд, ки ин чорабиниро ба чашми тоҷикону ҷаҳониён камранг нишон диҳанд ва давлати Тоҷикистонро дар куштори чанд наҳзатии маҳбасӣ гунаҳкор созанд. Аммо ДИИШ масъулияти ҳодисае, ки дар муассисаи ислоҳӣ ба вуқуъ омада буд, бар дӯши худ гирифт ва бо ҳамин даҳони наҳзатиҳоро баст. Аз сӯи дигар, собит гашт, ки наҳзатиён тавассути ДИИШ аз чанд ҳампаймонашон, ки ба гуноҳҳои худ иқрор оварда назди миллати тоҷик узр хостанд ва ҳадафҳои шуми наҳзатиёнро ошкор карданд, қасос гирифтаанд ва наҳзатиён бошанд, фурсати муносиб ҷуста, кӯшиданд айби худро ба души мақомоти тоҷик андозанд. Ба ҳар сурат, раванди ҳамоиши МҲТБО нишон дод, ки дар Осиё барои чунин гурӯҳҳои террористӣ ҷой нест ва хоҷагони хориҷиашон ҳам дигар наметавонанд болои 70% аҳолии ҷаҳон сиёсати духураи худро нисбати терроризм таҳмил созанд ва ин миқдор мардумро ба хотири суди худ дар ҳоли низоъ ва бародаркушӣ қарор диҳанд.

 

 

 

Хулоса, имрӯз Тоҷикистони ободу озоду соҳибистиқлол таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар ҳалли масъалаҳои дохилӣ ба муваффақиятҳои назаррас даст ёфт, балки тавонист мавқеъ ва нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ боло бурда, ҳамчун кишвари ташаббускор ва таъсиргузор дар сиёсати байналмиллалӣ муаррифӣ созад. Бо ин ҳама, ҳар як тоҷики бонангу номус шукронаи озодиву соҳибистиқлолӣ, шукронаи суботу оромӣ, шукронаи файзу баракат ва шукрона аз доштани чунин Сарвари хирадманду дурандешро мекунад.

Зиҳи кишвари соҳистиқлоли мо!

Зиҳи Сарвари маҳбубу ватандӯсти мо!

 

Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, раиси

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

                 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg