БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ИТТИҲОДГАРИ АҲЛИ БАШАР

АНДЕША. Барои мо шаҳрвандони Тоҷикистон боиси ифтихор ва сарбаландии бепоён мебошад, ки ҷумҳурии мо тайи рӯзҳои 14-15 июни соли ҷорӣ мизбони 5-умин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) буд, ки дар он роҳбарони аввали 27 – мамлакати дунё иштирок намуданд.

Ба фаъолияти Машварат оид ба ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) дар давраи оне, ки ваколати Раёсати онро Ҷумҳурии Тоҷикистон бар даст дорад, назар андозем, дар амалӣ гардидани ҳадафу мақсадҳо ҷаҳишҳои бузург ба назар мерасад.

Ин гувоҳӣ аз он медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалишавии ташаббусҳои байналмилалӣ ҷиҳати бартарафсозии мушкилоти сатҳи фарогирии умумибашарӣ ва минтақавӣ дошта дар ин самт талошҳои пайваста намуда, дар канор намеистад.

Бо баргузории саммити мазкур дар сатҳи баланди ташкилӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ва кишварҳои иштирокчӣ баҳои  баланд дода шуд, ки ба боз ҳам боло рафтани нуфузи кишвари азизамон дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат менамояд. Бори дигар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ инъикос гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари ташаббускор ва амни сайёра ба ҳисоб меравад.

Метавон бо ифтихор гуфт, ки нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар баланд бардоштани мақому манзалат ва нуфузи мамлакати азизамон дар арсаи ҷаҳон, ҳалли мушкилоти байналмилалӣ, пешрафти ҷомеаи башарӣ бесобиқа ва беназир аст.

Тайи рӯзҳое, ки чорабинии мазкур ҷараён дошт, пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе бо диди наву тарҳи ғайриоддӣ таҳти роҳбарии бевоситаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  зебосозӣ гардида буд, ки аз ҷониби меҳмонон хуб қабул карда шуд.

Кулли иштирокчиён бо самимияти хоса ва анъанаҳои тоҷикона истиқбол ва гусел гардиданд, ки боз ҳам иброзгар аз фарҳанги воло, инсодӯст ва меҳмонавоз будани миллати тоҷик мебошад. 

 

Тоирзода Суҳроб, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg