АНДЕША. Таърих гувоҳ аст, ки мардуми сарбаланди тоҷик аз азал меҳмоннавоз буд, ҳаст ва ҳамеша хоҳад монд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша барои он талош менамояд, ки бо дигар давлатҳои дунё робитаи дӯстона дошта бошад. Зеро дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳонӣ, ки таҳдид ба амнияти минатақавӣ ва байналмилалӣ дорад, танҳо ҳамкории зич моро метавонад ба натиҷаҳои мусбӣ бирасонад.
Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир,
Расми хуби тоҷиконро гум макун.
Халқи олам дӯст бо мо гаштааст,
Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун.
Шоири бузургвор, ваҳдатсаро ва инсопарварамон устод Мирзо Турсунзода ин мисраҳои шеъриро ончунон ба қалам додааст, ки кас бо хондани ин мисраҳо эҳсос менамояд, ки оғӯши мардуми тоҷик барои дӯстон ҳамеша боз аст. Роҳе, ки пояҳои ваҳдату сулҳу субот ва амниятро таҳким мебахшаду онро мустаҳкам нигоҳ медорад, ин роҳ роҳи дӯстиву рафоқат мебошад.
Гуфтан ба маврид аст, ки баъди ҳама он азобу машақате, ки мардуми тоҷик дар тули таърх, махсусан дар солҳои 90-ум аз гузаронидааст, қимати сулҳу дӯстӣ ва ягонагиро медонаду гиромӣ медорад.
Барои мардуми тоҷик боиси сарфарозӣ ва қаноатмандист, ки ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷиҳати ташрифи меҳмонон пойтахти кишварамон қабои идона ба бар карда, дар ин фазо тамоми меҳмонони олимақомро Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо расму оини қадимаи меҳмоннавозии анъанавӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Пешниҳоди дастурхони тоҷикона, сайру гашти мавзеъҳои зебои кишвар, аз наздик шинос шудан бо ҳунарҳои бою ғании мардуми тамаддунофари тоҷик дар доираи шоми дӯстӣ барои меҳмонони олиқадр баргузор ва ташкил шуд, ки бо эҳсоси баланд аз меҳмондории тоҷикӣ шефта будани худро меҳмонон иброз доштанд ва боре дарк карданд, ки Тоҷикистон сарзами сулҳу дӯстӣ буда, дари мардуми тоҷик барои дӯстон ҳамеша кушода аст.
Санаи 15 июни соли 2019 дар “Кохи Наврӯз” сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва намояндагони воломақоми кишварҳои иштирокчӣ ба ҳам омада, таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё баргузор гардид.
Масъалаҳое, ки марбут ба ҳамоиш буд, ин баррасии масоили амният ва ҳамкорӣ дар қитъаи Осиё ва саҳмгузорӣ дар ҷараёни ҷаҳонии мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ ба ҳисоб мерафт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар оғози нишаст тағйироти иқлим дар саросари ҷаҳон ва минтақаро нигаронии хеле ҷиддӣ номид ва гуфт, дар давоми 40 соли гузашта дар кишвар беш аз ҳазор пирях об шуда, ба вазъи иқлим, иқтисод, гидроэнержӣ ва кишоварзӣ таъсири манфӣ мегузорад. Инчунин, вобаста ба афзоишёбандаи терроризму ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ ибрози назар намуда, онҳоро аз хатарҳои таъдид ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ номид. Ҳамзамон аз вазъияти печидаи Афғонистони ҳамсоя низ изҳори нигаронӣ карданд. Сарвари давлат аз иштирокдорони ҷаласа даъват кард, барои муқобила бо паёмадҳои гармоиши иқлим ва дигар мушкилотҳои зикршуда тадбирҳои муштараки таъхирнопазир андешида шаванд.
Дар тақвияти гуфтаҳои Пешвои миллатамон дигар сарони давлатҳои аъзои МҲТБО низ ибрози андеша намуда, барои бартарф кардани мушкилотҳои ҷойдошта пешниҳодҳои муфиду саривақтӣ карданд.
Бояд ёдовар шуд, ки Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё анҷумани байнидавлатӣ ва созмони минтақавиест, ки соли 1992 бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфтааст. Нишасти сарони кишварҳо ва ҳукуматҳои узв дар чаҳор сол як дафъа баргузор мешавад. Охирин ҳамоиш 21-уми майи соли 2014 дар шаҳри Шанхайи Чин доир шуда буд. Роҳбарӣ дар Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё тирамоҳи соли 2018 аз Чин ба Тоҷикистон гузашт.
Умедворем, ки натиҷаҳои кори Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкории кишварҳои минтақа ва ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард.
Фирӯзи Саидмӯъмин, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб