АНДЕША. Дар набарди зиндагӣ ба хотири осудагии мардум, ободии Ватан шӯъла задану афрухтан, мардонавор паси сар кардани сахтиву душвориҳо шарафи бузургест, ки на ҳар кас зарфияти таҳаммули онро дорад.
Ба хости Худованди корсоз ва бахти миллати тоҷик чунин шахсияти камназир дар як давраи ҳассоси таърихӣ сари кор омаду аз баракати мақдамаш неъмату нуру зиё ва сулҳу сафо ба диёри мо омад.
Маҳз матонату ҷасорати фарзанди фарзонаи миллат, сарвари оқилу хирадманд Пешвои миллат аст, ки имрӯз мо - сокинони Тоҷикистони азиз дар фазои ваҳдату якдилӣ зиндагӣ ва кору фаъолият карда истодаем.
Ваҳдати миллӣ нақшбанди озодӣ, ягонагӣ, оромиш, ҳамсадоиву ҳамнавоз ва сафҳаи тозатарини тақдири миллати мост. Оини муҳаббату садоқати халқи тоҷик нав нест, балки мероси зеҳнии ниёгони мост, ки ҳамеша хирадро омили ягонаи созиш ва эҳёгарӣ дониставу ба он такя намудаанд.
Соли 2005 дар арафаи ҷашни Ваҳдат нахустҷоизаи олӣ- медали тиллоӣ «Барои таҳкими сулҳ ва ризояти байни халқҳо» дар байни сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил насиби Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид, ки ин шаҳодат аз нерӯи азими сиёсатмадорӣ, истеъдоди нодири сулҳоварӣ буд ва арҷгузории дунёи мутамаддин ба як нафар сиёсатмадори мушкилписанд, кафили фардои мусаффо ва қосиди сулҳи босубот гардид.
Имрӯз ин ҳама дастоварду пешрафти давлату миллати мо аз шарофати ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Бемуҳобот дар ин самт мактаби сиёсии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бештари сиёсатмадорони хориҷӣ, ки мардуми кишварҳояшон ташнаи сулҳу оромианд, мояи омӯзиш қарор гирифтааст.
Бо шарофати Ваҳдати миллӣ соҳаҳои варзишу сайёҳӣ, маорифу тандурустӣ, фарҳангу маданият низ рӯ ба пешравӣ ниҳодаанд. Имрӯз тавассути ҳунари варзишгарони бонангу номуси миллат Парчами кишвари азиз парафшон гардида, Суруди миллии давлати мо садо медиҳад. Теъдоди медалу ҷоизаҳои варзишгарони тоҷик сол то сол меафзояд. Алалхусус, баъди мулоқоти Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони кишвар соҳаи варзиши мамлакат ба пешравиҳои назаррас ноил гардид.
Андешаи бунёди дурахшони Ватан ҳар як тоҷикистониро водор месозад, ки дар ҳама гуна ҳолатҳо аз рӯи ақлу хирад, маърифати созанда амал намояд. Мо, ворисони Сомониёнро зарур аст, ки занҷири шӯҳрати наслҳоро мустаҳкам кунем, дар заминаи мероси фарҳангии гузаштагон бояд насли нави бунёдкорро тарбия намоем.
Ба андешаи банда, баҳри сулҳу субот, инкишофи ҷомеа, пойдории давлат, якдилии ҳама зинаҳои ҷомеа, дӯстӣ, рафоқат, муҳаббати самимӣ бо ҳамдигар дасту дили тоза доштан яке аз шартҳои муҳимтарин маҳсуб меёбад.
Бо шарофати қабул гардидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дар ҳаёти ҷавонони кишвар низ тағйиротҳои куллӣ ба амал омаданд ва имрӯз масъалаҳои марбут ба ҷавонон, баланд бардоштани маърифати сиёсии онҳо, кӯмаки ҳамаҷониба дар ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иrтисодашон дар қатори масъалаҳои муҳимтарини рӯз гузошта шудааст. Воқеан ҳам, масъалаи тарбияи насли наврас яке аз мавзӯъҳои муҳим буда, аз ҳалли дурусти он пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа вобастагӣ дорад.
Мо, ҳизбиён, бо дарки масъулият ва рӯҳияи баланди хештаншиносӣ изҳор менамоем, ки дар ин марҳилаи созандагию бунёдкории Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳамчун як узви фаъоли ҷомеаи муосир бо ҳисси ватандорӣ ва ифтихори миллӣ худро масъул ва вазифадор медонем, ки баҳри Ваҳдати комили мамлакат ва рушду тараққиёти кишвар дар таҳкими сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо гузорем.
Ободию осудагии Ватан ва зиндагии арзандаи мардум ба меҳнати софдилона ва пурсамари ҳар яки мову шумо вобаста аст. Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳар давру замон ҷавонон қувваи пешбаранда ва ояндасози ҷомеа буда, дар таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи марзу бум, ваҳдату ягонагӣ ва осоиштагии мардум талош варзидаанд.
Бо дарки ин маънӣ ба кулли аъзоён ва xонибдорони ҲХДТ муроҷиат намуда гуфтаниам, ки мо бояд баҳри пешрафту шукуфоии Ватан, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси масъулияти бузурги ватандорӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худ дар ҳама маврид омода ва пешсафи тамоми кору пайкор бошем.
Имрӯз, ки ҳамагон дар зери парчами сулҳу ваҳдат умр ба сар мебарем, бояд як маром ва як мақсад дошта бошем. Мақсади пойдории сулҳу суббот ва ободии Тоҷикистон ба қадри он дастовардҳое, ки бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварда шудаанд, бирасем ва кӯшиш намоем, ки бо нияти неку кори ҳалол Тоҷикистони маҳбубамонро нумӯъ ва шукуфоӣ бахшем. Зеро Тоҷикистон хонаи умеди ҳамаи мост.
Биёед, бо ҳамин гуна иттифоқу ҳамбастагӣ даст ба дасти ҳамдигар дода, дар гирди Сарвари давлатамон, ки ҳадафаш ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани Тоҷикистони ободу қудратманд аст, муттаҳид гашта, кӯшиш намоем, ки сазовори номи ниёгони шарафманди худ бошем.
Зиндаву ҷовид бод он ном ва корнамоиҳои фарзандони асили фардои миллати тоҷик ва сиёсати пешгирифтаи абармарди дунёи сиёсат Эмомалӣ Раҳмон.
Тоҷикистон, номи ту то арши аъло мебарем,
Парчаматро боз боло, боз боло мебарем.
Саёҳат Абдуллоева, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон