АНДЕША. Истеъдоду ҳунари волои сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонидоштаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароиту имконият ба вуҷуд оварданд, ки рӯзи 14-15 июн дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе панҷумин Самити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Дар он сарони 27 давлат ва ҳукуматҳои кишварҳои Осиё иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳадафҳои нав баррасӣ гардида, барои дарёфти роҳҳои ҳалли масоили мавҷуда ва бавуҷудояндаи мавриди таваҷҷуҳи дастаҷамъонаи давлатҳои аъзо, пешбурди минбаъдаи раванди МҲТБО, идомаи татбиқи тадбирҳои боварӣ ва табдил додани Осиё ба минтақаи дорои сулҳу субот ва шукуфоии устувор дар асоси муколамаи фарогир ва амиқ таккони сиёсӣ хоҳад бахшид.
Имрӯз ҳамаи 27 сарони давлат барои сулҳу осоиш ва ваҳдату ягонагӣ ҳукмфармо будану доштан тафовути сатҳи рушди иқтисодиро ҳаракат бар сӯи пешрафти умумӣ бурдан, роҳҳои навро дарёфт кардан дастаҷамъона талош меварзанд.
Хислатҳои неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин одоби муошират, меъёри муносибат бо кору фаъолият ва сидқан дарк намудани рукнҳои хештаншиносӣ, нишонаҳои ифодагари меҳанпарастӣ маҳсуб меёбад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми имсолаашон соли 2019-2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд. Дар ин ҷамъомад зиёда 650 хабарнигорони дунё соҳаи сайёҳии Тоҷикистони азиз, сарзамин ва мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавози кишвар, меваҳои шаҳдбор, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ, беҳтарини сайру саёҳати Тоҷикистонро муариффӣ намуд.
Раҳмонов Далер, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор