БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТ РАМЗИ ИТТИҲОДУ САРҶАМЪИИ МОСТ!

АНДЕША. Сулҳ – ин оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассум менамояд. Ваҳдат бошад ба ҳам омадан, сар аз як гиребон берун овардан, хамдигарфаҳмиву миллатдӯст будан аст.

Ибораи  ваҳдат – ин беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзӯву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон ва ҳастии инсон дар ҳар давру замонро меафаҳмонад.

Ваҳдат ва сулҳи сартосарии Тоҷикистон мавқеву мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор намуд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии мардуми тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотхои бонуфузи олам гаштаст.

Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гӯё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи вахдат ва якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату поӣдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбуди меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Ба таъкидҳои пайвастаи Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ хаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо харгиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».

Маҳз бо кӯшишҳои паӣгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешони тоҷик сарҷамъ гашта, мамлакат обод шуд, пешрафт намуда ва гул-гул шукуфт. 

Имрӯз нишоту хурсандии чеҳраи ҳар фарзандони фарзонаи кишвар шаҳодати  поӣдории ваҳдату сулҳ дар Тоҷикистони азизамон мебошад. Ва ин сулҳу ваҳдат мисли офтоб бар мо парафшонӣ менамояд.

Биёед, онро чун ҷисму ҷон, чун гавҳараки чашм  нигоҳ дорем ва ба ҳар касу нокас  нагузорем, ки онро аз мо бигирад.

 

СИЯРОВА О- узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg