БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОҶИКИСТОН МАКОНИ БАРГУЗОРИИ САМИТИ ПАНҶУМИ МАШВАРАТИ ҲАМКОРӢ ВА ТАДБИРҲОИ БОВАРӢ ДАР ОСИЁ!

АНДЕША. Ҳамоиши панҷуми машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ташкил дар гузаронидани чорабинии сатҳи олӣ, ҳамоиши панҷуми машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё диққати тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намуда,  бори дигар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ миллати тамаддунофар ва башардӯстӣ, дорои фарҳангу маданияти баланди тоҷикро муарифи шуд.

Ташкил ва гузаронидани ин чорабинӣ бо таъмини тамоми шароитҳои корию фароғатӣ иштирокчиёни ҳамоишро дар ҳайрат гузошт. Дар ҳақиқатан ҳам пойтахти кишвар барои қабули меҳмонон дар асоси талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як шаҳри афсонавӣ табдил ёфта, диққати на танҳо иштирокчиёни ҳамоишро балки тамоми оламро ба худ ҷалб намуд.

Тавассути ин ҳамоиши сатҳи баланд ҷомеаи ҷаҳонӣ боз як бори дигар ташаббускорию башардӯстии Роҳбари давлати тоҷиконро дар ҳалли проблемаҳои муҳими сайёра дарк намуданд.

Дар ҳақиқатан ҳам тамоми меҳмонони хориҷӣ, ки дар ҳамоиш ширкат доштанд ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода,  мардуми Тоҷикистонро мардуми хушбахттарини рӯи олам ҳисобиданд, ки соҳиби чунин Пешво ҳастанд.

Аз ин лиҳоз ҳар як сокини кишвар вазифадор мебошад,  дар ҷавоб ба ин ҷаҳду талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри муаррифии миллат ба ҷаҳониён бо тамоми масъулияти шаҳрвандӣ ба ин хоку сарзамин содиқ бошанд ва дар амалишавии ҳидоятҳои Пешвои миллат саҳми арзандаи худро гузорад.

Шарофзода Ҳомидҷон, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз                               

                          

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg