БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАШВАРАТИ 5- УМИ ҲАМКОРӢ ВА ТАДБИРҲОИ БОВАРӢ ТОҶИКОНРО БОРИ ДИГАР БА ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ МУАРРИФӢ НАМУД

АНДЕША. Миллати  сарбаланди тоҷик бо роҳбарии сарвари хирадманду сиёсатмадори шинохтааш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо меҳмоннавозии тоҷикона дар  сатҳи баланди омодагӣ ва қабули гарму самимӣ Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 15 июни соли 2019 дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Мо ҳамагон шоҳиди ҳол гардидем, ки дар Самити аъзои машварати панҷуми ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки 15 июни соли 2019 ба хотири ҳамзистии осоишта, мубориза ба терроризм, экстремизм, қочоқи силоҳ, одамрабоӣ ва дигар падидаҳои номатлуб дар пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе шуда гузашт, сухани аввали баромадкунандагон аз миннатдорӣ нисбати хизматҳои барои тамоми инсоният анҷомдодаи Пешвои муаззами  миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.

Барои мо тоҷикон боиси қаноатмандӣ ва хушҳолист, ки сарони давлатҳо, роҳбарони ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ба он хизматҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тамоми ҷаҳониён ва ояндаи неки онҳо анҷом додааст ва медиҳад, қоиланд ва ҳамеша номи Тоҷикистон ва Президенти онро ҳамчун давлат ва Президенти ташаббускор ба некӣ ба забон мегиранд.

Бояд гуфт, ки дар ин ҳамоиши байналмиллалӣ шумораи умумии меҳмонон, коршиносону нозирон ва сарони давлатҳо, ки ҷамъ омада буданд, се ҳазор нафарро ташкил медоданд. Шумораи хабарнигороне, ки аз Тоҷикистони  мо  хабарро ба тамоми дунё пахш карданд 650- нафарро ташкил медоданд, ки ин ҳам дар баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ бесобиқа унвон карда мешавад. Дигар фарқияте, ки дар ин ҳамоиш дида мешуд, 27 кишвари иштирокчӣ маҳз Тоҷикистонро ба сифати мизбони ин ҳамоиш интихоб карданд. Барои он Тоҷикистонро интихоб карданд, ки Тоҷикистон барои гузаронидани Самити 5-ум аз назару диди онҳо дар ташкилотҳои умумиҷаҳонӣ ба монанди Созмони Миллали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар фазои пасошуравӣ умуман дар ҷаҳон яке аз давлатҳои амнтарини дунё ба шумор меравад.

Бинобар ин моро зарур аст, ки ба қадри ҳамаи хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расем ва Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳони бори дигар муаррифӣ намоем.

Мирзозода Исуф, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg