КӮЛОБ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилоти ибтидоии “ФРСА” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо иштироки кормандони масъули ҳизб, Файзуллоев Алишер ва Ҷумаев Убайдулло инчунин, раиси ташкилоти ибтидоии “ФРСА” Бобоев Аскар хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Нахуст, Файзуллоев Алишер ба сухан баромада, дар мавзӯъи терроризм ва ифротгароӣ ибрози андеша намуд. Мавсуф қайд кард, ки ҳодисаву воқеаҳои дар ҷаҳони муосир рӯйдода аз он бозгӯ мекунанд, ки хатари терроризм ва ифротгароён ба инсоният рафта рафта зиёд шуда истодааст. Ифротгароён аксарияти амалҳои террористиро аз номи ислом ва бо номи ин дини пок амалӣ карда истодаанд. Тавре Роҳбари давлат борҳо аз минбарҳои баланд баромад намуда, қайд карданд, ки “Терроризм Ватан, миллат, дин надорад ва бо истифода аз ниқоби дурӯғини худ дар симои мусалмонон дар давлатҳои исломӣ амалҳои ваҳшиёна, қатлу куштор ва тарконидани масҷидҳо, ки дар натиҷа садҳо нафар аз мардуми мусалмон ба ҳалокат мерасанд, хилофи дини мубин ва шариати исломӣ мебошад”.
Дар тақвияти ин гуфтаҳо Бобоев Аскар баён дошт, ки имрӯз ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, хусусан, ҷавонон баору номус дарк кардаанд, ки бовар кардани найрангҳои гурӯҳҳои ифротӣ, ки тариқи расонаҳои интернатӣ пахш мегарданд, оқибати хуб надошта, балки бар зарари ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ месазад, ки аз сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайрави намуда, ватани азизи худро боз ҳам ободтару зеботар намоем.
Зимни Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бошад, гирду атрофи ташкилоти ибтидоӣ сафолакбандӣ шуда, дигар корҳои ободонӣ бомаром идома доранд.