НОРАК. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Ҷавонӣ” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ мулоқот доир карда шуд.
Дар мулқот мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Фирдавс Ғафурзода иштирок ва баромад намуд.
Фирдвас Ғафурзода қайд намуд, ки сиёсати давлат дар самти дастгирии занону ҷавонон назаррас буда, аз солҳои аввали Истиқлолият мушкилоти беҳгардонии шароити занону ҷавонон ҳамеша зери таваҷҷуҳи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ қарор дорад.
Инчунин, мавсуф атрофи пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, фарҳанги оиладорӣ, баланд бардоштани донишу малакаи онҳо дар ташкили оиладорӣ баромадҳо намуд.
Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” аз ҷониби сокинон девори хонаи истиқоматии як нафар шахси ниёзманд аз нав таъмиру тармим карда шуд.