Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар доираи баргузории Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои милливу давлатӣ инчунин тозаву озода нигоҳ доштани маҳали зист ва муасиссаи таълимии деҳа корҳои созандагиву ободонӣ доир карда шуд.
Дар корҳои ободонӣ иштирокдорон гирду атрофи ташкилоти ибтидоии мазкурро аз партову алафҳои бегона тоза намуда, саҳми хешро дар ободонии маҳал гузоштанд.
Инчунин, дар ин раванд вохӯрии судманд атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ доир карда шуда, дар он масъулини ҳизбӣ дар бораи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ андешаронӣ карданд.