А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ташкилоти ибтидоии «Сайроб»-и деҳаи Сайроби ҷамоати деҳоти 50-солагии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» оид ба анҷом додани корҳои созандагӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, истифодаи дурусти техникаву технологияи муосир, инчунин сарфаву сариштакорона истифода бурдани қувваи барқ хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.
Баъд аз баргузории вохӯрӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” корҳои сангфаршкунии роҳҳои маҳалла анҷом дода шуд.