ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар ташкилоти ибтидоии “Омор” доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.
Дар баромад масъулин оид ба дастуру супоришҳои аз Паём бароянда, зарурат ва аҳамияти истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, хатари терроризм, сабаби гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, риояи фарҳанг ва урфу одатҳои миллӣ, истифодаи мақсаднок аз технологияи муосир, мубориза бо нашъамандию нашъаҷаллобӣ, коррупсия, роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, иҷрои талаботи қонунҳои ҷорӣ ба ҳамагон маълумотҳои муфассал пешниҳод намуданд.
Инчунин, раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Наврӯз Бадриддинов аз дар бораи эълон гардидани Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”-ро амали саривақтӣ ва хайрхоҳона дар пайравӣ ба сиёсати инсондӯстонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд.
Дар асоси талаботи Аксияи ҳизбӣ ба шахси ниёзманди ҷомеа Қиёмова Раҷабмоҳ кӯмаки молиявӣ расонида шуд.