ПАНҶ.Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар давоми сафари кории худ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ ва раиси ноҳияи Панҷ Сайфиддинзода Маҳмадюнус Кабут дар чорабинии оғози корҳои сохтмонии бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ иштирок намуда, бо сохтмончиёни ин иншооти барои ҳизбиёни ноҳия муҳим сўҳбат намуда, аз сохтмончиён даъват ба амал оварданд, ки ҳангоми корҳои сохтмонӣ ва сифати он диққати ҷиддӣ диҳанд.
Зимнан Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ қайд намуд, ки роҳбари муаззами ҳизб, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро пайваста барои тавзеҳи дуруст ва саривақтии иқдомоту ташаббусҳои созандаи роҳбарияти мамлакат, инчунин ба корҳои созандаву бунёдкорона раҳнамоӣ намудани халқ, кумаку мусоидат дар ҳалли проблемаҳои мавҷудаи ҷомеа тавассути фишангҳои ҳизбӣ таъмини намудани робитаи доимии мардумро бо мақомоти давлатӣ таъмин намоем.
Ҳангоми боздиди гурўҳи кори намояндагони Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб сохтмончиён иброз доштанд, ки корҳои сохтмониро дар муҳлати муайяншуда, яъне то охири соли 2019 бо сифати баланд анҷом дода онро сарбаландона мавриди истифода қарор медиҳем.