МӮЪМИНОБОД. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи «Сангдара»-и ҷамоати деҳоти Боғгаии ноҳияи Мӯъминобод оид ба татбиқи қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвон «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ҷамъомади ҳизбӣ баргузор гардид.
Намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар хониши сиёсӣ оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ва моҳияти Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ намуда, ҳамагон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят карда шуданд.