ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Имрӯзҳо бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ бо мардум суҳбату вохӯриҳои судманд баргузор гардида истодаанд.
Вобаста ба масъалаи зикргардида дар ташкилоти ибтидоии “Қушачинор”-и деҳаи Қушачинори Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи Қубодиён хониши сиёсӣ гузаронида шуда, дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбиштирок ва суханронӣ намуданд.
Масъулин дар баромади хеш аз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷомеаи кишвар, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки талошу заҳматҳои бевоситаи Роҳбари давлат баҳри пойдории сулҳу субот дар кишвар буда, ҳар яки моро месазад барои расидан ба қадри сулҳу оромӣ ва хизматҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш намоем.