КӮШОНИЁН.Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия силсила вохӯриву мулоқотҳоро бахшида ба 25-солагии таъсисёбии ҲХДТ ва ҷашни Ваҳдати миллӣ ба роҳ мондааст.
Ин навбат дар ташкилоти ибтидоии “ Садриддин Айнӣ”- и Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳия оидба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир намуданд.
Дар вохӯрӣ масъулин оид ба нақши ҲХДТ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон, вазъи ҷаҳони муосир ва мубориза бо зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла, терроризм ва экстремизм ва ҳифзи ваҳдату ягонагӣ суханронӣ намуда,
иброз доштанд, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи пирӯзиву хушбахтӣ ба мардуми тоҷик нерӯву тавони нав бахшида, дар қалби ҳар як сокини кишвар шӯълаи умедро барои фардои ободу осуда фурӯзон намуд.
Баъдан иштирокдорон суханрониҳои судманро якдилона дастгирӣ карданд.