ЁВОН. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Бо ҳидоятҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ва саҳми мардуми деҳаи Гулдараи Ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» зиёда аз 600 метр роҳҳои дохили деҳаи Гулдара сангфарш карда шуд.
Ҷойи қайд аст, ки таъмиру тармими роҳҳои дохили деҳаҳо дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамучн «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар қисмати сиёсии чорабинӣ бошад масъулин и ҳизбӣ доир ба ҳадафҳои созандаи ҲХДТ андешаҳои хешро баён карда, аз ҳамагон ҷиҳати саҳм гузоштан дар рушду шукуфоии Ватан даъватба амал оварданд.