ДӮСТӢ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар доираи баргузории вохӯриву суҳбатҳо оид ба тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар деҳаи Лоҳутии ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл вохӯрӣ баргузор гардид.
Масъулини ҳизбӣ дар қисмати сиёсии чорабинӣ дар бораи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Ҳамоиши панљуми машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё андешаронӣ карда, аз ҳамагон ҷиҳати расидан ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии Роҳбари давлат даъват ба амал оварданд.
Баъдан дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар масофаи 2 километр ҷӯйбори обгузар, ки сокинон аз сабаби норасогии оби нушокӣ ва таъмини заминҳои кишоварзӣ бо об танкисӣ мекашиданд, бо об таъмин карда шуд.
Дар охир сокинон аз иқдомҳои ғамхоронаи ҲХДТ хушнуду сазфароз буда, чунин анҷоми корҳои созандаро давоми ғамхориҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуданд.