ДАНҒАРА. Дар ташкилоти ибтидоии “деҳаи Сарфароз”-и ҷамоати деҳоти Лоҳур оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Масъулини ҳизбӣ зимни суҳбат дар бораи дастаҷамъона саҳмгузорӣ дар тезонидани корҳои ободониву созандагӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”, сазовор истиқбол гирифтани 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ, татбиқи босамари барномаҳои созандагии рушди маҳал ва деҳот, шукргузорӣ аз Ваҳдату Истиқлолияти Ватан, тарбияи наврасон дар роҳи хештаншиносӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористӣ- экстремистӣ, ҳамчун зуҳуроти манфӣ ва номатлуби ҷомеа, беҳдошти саломатӣ, тозагии оби ошомиданӣ ва санитарияи об дар доираи татбиқ ва ҷонибдорӣ аз ҳадафу ташаббуси чоруми сатҳи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, 2018-2028”, 2019-2021 Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” суҳбат намуданд.
Дар охир вобаста ба масъалаҳои болозикр суолу муколамаҳо байни кормандони ҳизбӣ ва ҷамъомадагон сурат гирифт.