БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ДАР АМАЛ ТАТБИҚ НАМУДАНИ СИЁСАТИ ПЕШГИРИФТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ТАМОМИ НЕРУВУ ТАВОНОИИ ХУДРО РАВОНА МЕНАМОЕМ

БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Каёнварз”-и шаҳри Бохтар  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомад кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтар иштирок доштанд.

Наҷидуллоев Тавакал раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, сари вақт иҷро намудани дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ  андешаронӣ карда, афзуд, ки барои иҷрои саривақтии  супоришҳо  омода бошем.

Сипас, дар идома муовини раис- роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи вилоятии  ҲХДТ Неъматулло Иброҳимзода суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки баргузории ҳамоиши сарони давлатҳои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки рӯзҳои 14-15 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе доир гардид, боиси ифтихор ва сарфарозии сокинони Тоҷикистон гардид. Барои иштирок дар ҳамоиши мазкур ба Душанбе як қатор сарони давлатҳо иштирок дошта, зимни суханрониҳо ба Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, зикр карданд, ки Тоҷикистон бо баргузории чунин чорабинӣ хело муваффақ гардидааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg