ХУРОСОН. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар доираи «Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ», бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии «Фахробод»-и ҷамоати деҳоти Фахробод суҳбат атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор карда шуд.
Мавсуф зимни баромади хеш дар бораи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, оромии Ватан, нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими сулҳу субот ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ андешаронӣ намуд.
Дар хотима бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ роҳҳои дохилии деҳа чароғон карда шуданд.