ФАРХОР. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар деҳаи «Гулшан 2»-и Ҷамоати деҳоти Гулшан бо мақсади татбиқи Аксияи ҳизбии "Якҷоя ҳал мекунем!" ва ҷиҳати ободонии деҳа ҳашари умумӣ баргузор гардид.
Дар ин рӯз сокинон бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ ҷиҳати рушду ободонии деҳаи худ новаҳои обгузхари бетониро тоза намуданд.
Баъдан вохӯрӣ доир карда шуда, масъулин атрофи дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ ва дигар ҳадафҳои созандаи он фикру мулоҳизаронӣ намуда, ҳамагонро барои боз ҳам бештар ба роҳ мондани корҳои бунёдкорӣ дар маҳали зист ҳидоят карданд.