ПАНҶ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо мақсади тақвияти робитаи ҲХДТ бо маҳал, муайян намудани вазифаҳои сохторҳои ҳизбӣ ва ба аҳли ҷомеа расонидани моҳияти самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ 18 июни соли 2019 таҳти раёсати раиси Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзизода Каримҷон семинар-машварати ҳизбӣ доир гардид.
Дар семинар-машварат раисони ташкилотҳои ибтидоии корхонаву муассисаҳову маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, вакилони мардумӣ, фаъолони ҳизб ва намояндагони ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” иштирок карданд.
Дар кори ҷаласса узви раёсати вилоятии ҳизб, раиси ноҳия Сайфуддинзода Маҳмадюнус Кабут ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло мақсаду ҳадафҳои ғоявӣ ва усулу марҳилаҳои татбиқ, инчунин қисматҳои ташкиливу тақвияти робита бо маҳалро, ки дар партави Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ муайян гардидааст, пурра шарҳ дод.
Зикр қайд гардид, ки дар раванди татбиқи ҳадафҳои зерин – баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз терроризму экстремизм, огоҳ кардани сокинон аз хатари ҳизбу ҳаракатҳои дар ҷумҳурӣ фаъолияташон мамнўъ, аз байн бурдании таассуби динӣ, фаъол гардидани аҳолӣ аз бегонапарастӣ, ташаккули фарҳанги техникӣ, мубориза бар зидди коррупсия, мубориза алайҳи нашъамандӣ ва риояи қонунҳои миллии қабулгардидаи Ҳукумати кишвар муҳим буда, дар амалӣ гаштани онҳо ҳизбиён бояд саҳми арзанда дошта бошанд.
Дар охир ба як қатор фаъолони ҳизб барои ташвиқу тарғиби ғояҳои созандаву бунёдкоронаи ҳизб ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҳизбии ноҳия бо Ифтихоронома ва Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҳизб сарфароз гардонида шуданд.