БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЪМИНИ ОБ БАРОИ ЗАМИНҲОИ КИШТИ АҲОЛӢ!

НОРАК. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ яке аз соҳаи афзалиятноки иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки таввасути он амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ таъмин карда мешавад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хосса зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодагиву пурбаракатӣ ҳама ба об вобастагӣ дорад.

Дар ташкилоти ибтидоии “Даҳана”-и  ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак Аксия ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” гузаронида шуда, сокинон  барои таъмин намудани об ба заминҳои кишт ба ҳашар  баромада, ҷӯйборҳое, ки барои таъмини об хизмат мекунанд,  тоза намуданд. 

Инчунин, дар дар ин раванд хониши сиёсӣ гузаронида шуда аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ҲХДТ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз  баромадҳо карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg