БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТУ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДУ НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ

ДАНҒАРА. Дар доираи Солибаланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо иқдоми пешгирифтаи   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии “деҳаи Бунёд”-и ҷамоати деҳоти Лоҳур  ҷиҳати баргузории хонишҳои сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ҷамъомад баргузор гардид.

Дар суҳбат  Раҳимов Алишер раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ҷамоати деҳоти Лоҳур иштирок намуда, атрофи мавзӯъҳои дастаҷамъона саҳмгузорӣ дар тезонидани корҳои ободониву созандагӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ҷиҳати истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, татбиқи самараноки барномаҳои созандагии рушди маҳал ва деҳот, шукургузорӣ аз Ваҳдату Истиқлолият, наврасонро дар роҳи хештаншиносӣ тарбия намудан, ва ҷонибдорӣ аз ҳадафу ташаббуси чоруми сатҳи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, 2018-2028” ибрози андеша кард.

Баъдан суханрониҳои  судманд аз ҷониби ҳамагон якдилона дастгирӣ ёфта, ҳамовозии хешро барои амалигардонии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ баён карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg