БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ИФТИХОР АЗ САРВАРУ ДАВЛАТ ДОРЕМ!

АНДЕША. Баргузории ҳамоиши сарони давлатҳои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки рӯзҳои 14-15 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе доир гардид, боиси ифтихор ва сарфарозии тамоми мо тоҷикистониён гардид. Зеро баргузории чунин як ҳамоиши сатҳи баланд ба манфиати Тоҷикистон аст. Масъалаҳое, ки дар рӯзномаи ин ҳамоиш муҳокима гардиданд, тамоми масъалаҳои мубрами ҷомеа, муқовимат бо терроризму экстремизм, ҳамкорӣ байни давлатҳо, масъалаи об, гармшавии иқлим, ҳалли масъалаҳои байни далватҳои мавҷуд буда ва ғайра ба ҳисоб меарванд.

Барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани Саммити мазкур шаҳри Душанбе бо гулу буттаҳои мавсимӣ шиору овезаҳои гуногун оро дода шуда буд. Барои иштирок дар ҳамоиш ба Душанбе як қатор сарони давлатҳои аз ҷумла Россия,  Чин, Туркия, Қазоқистон, Қатар, Ӯзбекистон ва дигарон иштирок доштанд. Зимни суханрониҳои худ сарони давлатҳо ба Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонбарои истиқболи самимӣ ва меҳмоннавозии тоҷикона изҳори сипос намуда, таъкид доштанд, ки Тоҷикистон бо баргузории чунин чорабинӣ хело муваффақ гардидааст.

Аз ҷониби Сарвари давлати тоҷикон ба меҳмонони олиқадр ташкил намудани “Шоми дӯстӣ” ва ба онҳо намоиш додани ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва хонаи тоҷикона аз меҳмоннавозии мардуми тоҷик, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далолат мекунад. Ҳангоме, ки тавассути оинаи нилгун рафти Ҳамоишро тамошо мекардам, ҳисси ифтихор аз Ватану меҳан, аз Сарвару Пешвои миллатамон фаро мегирифт. Танҳо номи шахсиятҳое чун В. Путин - Президенти Россия, Си Ҷин Пин – Раиси Ҷумҳурии Хитой, Р. Эрдоган - Президенти Туркия, Амири давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ, Ҳасан Руҳонӣ – Президенти Эрон, Шавкат Мирзиёев- Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дигарон, ки дар он рӯз меҳмони хонадони тоҷику Тоҷикистон буданд, шаҳодат аз он аст, ки  кишвари мо дар ҷомеаи ҷаҳон мақоми худро дорад. 

Қобили қайд аст, ки воситаҳои ахбори оммаи дохил ва хориҷи мамлакат ба баргузории ин ҳамоиш таваҷҷуҳи беандоза доштанд. Махсусан рӯзноманигорони хориҷиро табиати дилфиреби Тоҷикистон мафтун намуд, ки ба идораҳои худ маводҳои мухталифи рӯзноманигорӣ ба  таври мустақим пахш мекарданд.  Бо боварии том метавон гуфт, ки баргузории Ҳамоиши сарони давлатҳои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳанд гардид.

Тавакала Наҷидуллоев, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg