БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОСИЁ ХОНАИ УМУМИИ МОСТ!

АНДЕША. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввали суханрониашон дар ҷаласаи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё иброз доштанд, ки «Зуҳуроти афзоишёбандаи терроризму ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ ҳамоно ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ хатар ба бор меоранд. Мубориза бо ин таҳдидҳо аз ҳамаи давлатҳои аъзои Машварат андешидани тадбирҳои муштараки таъхирнопазирро тақозо менамояд».  Инчунин, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки Тоҷикистон қадру қиммати сулҳу суботу оромиро баъд аз сар гузаронидани ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум дарк намуда,  гиромӣ медорад.

Соли 2014 дар Саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки дар Ҷумҳурии Халқии Чин баргузор гардида буд, Пешвои муаззами миллат зимни суханрониашон иброз доштанд, ки «Осиё хонаи умумии мост. Ҳамаи мо хоҳони онем, ки дар хонаи умумии мо сулҳу субот ҳукмфармо бошаду тафовути сатҳи рушди иқтисодиро ҳаракат бар сӯи пешрафти умумӣ ба тартиб дарорад». Дар ин раванд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ояндаи Осиё дар замони ҷаҳонишавӣ аз бисёр ҷиҳат вобаста ба худи мост. Осиё дар таърихи тамаддуни ҷаҳон борҳо муҳаррики рушди умумӣ буд. Дар рӯзҳои мо бисёр давлатҳои Осиё мисолҳои рӯҳбаландсози рушди иҷтимоию иқтисодиро намоиш медиҳанд. Мо ба таҷрибаи доштаамон такя намуда, метавонем ва бояд роҳи бунёди Осиёи шукуфону бехатарро кушоем, ки ояндаи дурахшонро барои халқҳоямон таъмин кунад».

Кишвари мо  на танҳо дар сатҳи сиёсӣ бо давлатҳои аъзои МҲТБО,  балки дар дигар самтҳо низ ҳамкориҳои судманд дорад.

Боиси хурсандист, ки чунин як чорабинии сатҳи байналмилалидошта бевосита дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳалли масъалаҳои глобалии об ва тағйирёбии иқлим  таҷрибаи пешқадам дошта, инчунин яке аз кишварҳои амнтарини дунё маҳсуб меёбад. Маҳз ҳаминро ба назар гирифта, сарони кишварҳои аъзои МҲТБО баргузор гаштани Саммити панҷуми машварати ҳамкорї ва тадбирҳои боварї дар Осиёро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қобили қабул шуморида, роҳбарии онро ба зиммаи кишвари мо гузоштанд.

Масъалаҳои дигаре, ки зимни нишасти сарони давлатҳои  МҲТБО  мавриди баррасӣ қарор гирифт, бахусус тағйирёбии иқлим ва  нарасидани оби нӯшокӣ дар баъзе кишварҳо  мебошад.

Дар ин раванд Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки ҳадафҳои рушди устувор дар минтақа бо истифодаи самараноки захираҳои обӣ, сарфа ва кам намудани талафот барои наслҳои оянда имконпазир аст.

Аз солҳои 2003 то ин ҷониб ҳамаи пешниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмаии Умумии Созмони Миллали Муттаҳид  қабул гардида, то имрӯз амалӣ шудааст.

Ташаббуси навбатии Тоҷикистонро соли 2018 Маҷмааи СММ  дастгирӣ намуда, солҳои “2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон намуд.

Имрӯз баргузории чунин як ҳамоиши сатҳи  баланд  собит сохт, ки Тоҷикистони соҳибистқлоли мо омода аст, ки дар ин раванди созандагӣ фаъолона ширкат намуда, саҳми худро баҳри  расидан ба ҳадафу  мақсаду вазифаҳои таҳкими ҳамгироии байни давлатҳои Осиё дар тамоми  бахшҳо, чӣ ҳарбию сиёсӣ, чӣ иқтисодию гуманитарӣ ва бахшҳои дигаре гузорад, ки дар рафти Машварат баррасӣ шудаанд.

Қумригул Гулмуродзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg