БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОҶИКИСТОН ТАРҒИБКУНАНДАИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ФАРҲАНГИ АСИЛИ МИЛЛИСТ

АНДЕША. Боиси сарфарозӣ ва фахри миллати тоҷик ва кулли тоҷикони ҷаҳон аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандона ва сулҳпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз машҳури олам гардида, фарҳанги асили тоҷикона, алалхусус меҳмоннавозии тоҷикон ва мавзеъҳои сайёҳии биҳиштосои Тоҷикистон гирди забони оламиён гаштааст.

Бо баргузор намудани ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарӣ намудани ҷаласаи мазкур аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бори дигар мавқеи Тоҷикистонро дар арсаи сиёсати дохиливу хориҷӣ мушаххас ва муайян намуд.

Омодагиҳо баҳрӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ ва сиёсӣ баргузор гардидани  ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё  дар сатҳи баланд қарор гирифта, махсусан саҳми раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар қабул ва ороиши шаҳри Душанбе бо рамзи ҳамоиши мазкур бозгӯи нишонаи фарҳанги воло, урфу одат ва меҳмонавозии самимонаи тоҷикон буд.

Қабули ҳар як Роҳбарии давлати меҳмон, ҳайати корӣ ва васоити ахбори оммаи он дар сатҳи баланд баргузор гардида, шароити мусоид барои истироҳат, корбарӣ ва тарғиби рафти баргузории ҳамоиш тавассути ҳама шабакаҳои дохилу хориҷ  дар сатҳи зарурӣ қарор гирифта буд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун мизбон ва раиси ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё  зимни суханронии хеш изҳор доштанд, ки «Тоҷикистон зарурати  пешбурди минбаъдаи талошҳоро ҷиҳати таҳкими сулҳу субот ва амният дар Осиё, таъмини  ҳамкории бисёрҷанба ва татбиқи чораҳои эътимодсозиро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва башардӯстӣ дар доираи раванди МҲТБО таъкид менамояд».

Дар воқеъ яке аз ҳадафҳои авалиндараҷаи ташкил ва баргузории ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ин пеш аз ҳама таъмини сулҳу субот дар Осиё буда, аз ҳар як давлати аъзо тақозо мегардад, ки масъалаи марбут ба амнияти Осиёро ба танзим дароранд.

Дар суханрониҳои бештари сарони давлатҳо дар ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё  масъалаи суботи Афғонистон ва давлатҳои ҷангзадаи Ироқу Сурия мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷиҳати таъмини суботи онҳо пешниҳодҳо ва қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Шахсан маро баромади раиси  иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё  бетараф гузошта наметавонад, зеро ки  раиси  иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо як дили афгор ва дарди миллати ҷангзадаи афғон ибрози ақида намуда, қайд карданд, ки «Афғонистон ва мардуми афғон ташнаи сулҳанд». Ин нуқтаҳо ҳар як фарди бедордил ва ватандӯстро ба он водор менамояд, ки ба қадри заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ ва пайгиронаи Пешвои муазами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ваҳдати комилли миллат бирасем, зеро имрӯз ин ҳама дастоварду пешрафти давлату миллати мо аз шарофати Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Бемуҳобот дар ин самт  мактаби  сиёсии Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон барои бештари сиёсатмадорони  хориҷӣ, ки  мардуми кишварҳояшон ташнаи сулҳу оромианд, мояи омӯзиш қарор гирифтааст. Мо мардуми Тоҷикистон ватандӯстӣ ва инсондӯстиро аз Пешвои муаззами худ омӯхтаем ва дар ин ҷода ба ҳалли қазияи Афғонистон мусоидати воқеӣ менамоем ва ба ҳайси мардуми дӯсту бародар ва ҳаммарз  дар таъмини сулҳу субот ва ҳаёти осоиштаи мардуми ҳамҷавори Афғонистон бетараф нахоҳем буд.

Яке аз масъалаҳои дигаре, ки дар ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё арзёбӣ гардид, ин ҳам бошад, зуҳуроти афзоишёбандаи терроризму ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир буд, ки имрӯз ҳамчун як зуҳуроти номатлуб дар тамоми сайёраи дунё доман паҳн намудааст.

Мо мардуми тамаддунофар ва фарҳангсолори тоҷикро мебояд, ки пайравӣ аз Пешвои миллат  намуда, дар роҳи пешгирӣ аз ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва шомилшавии махсусан ҷавонони тоҷик ба гуруӯҳҳои ифротгароӣ террористию экстремистӣ саҳми намоён дошта бошем.

Дар воқеъ мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Истифодаи «сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад. Аз ин лиҳоз ҳар як ҷавони худогоҳро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, пойбанди ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо нашавем ва дар ободии диёру давлати хеш саҳми шоиста гузорем.

Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки дар як сатҳи баланд баргузор гардид, мо мардуми сарбаланд ва саоадманди тоҷикро тақозо мекунад, ки дар ҳама маврид аз рӯи ақлу хирад ва иродаи солим корбарӣ намуда, Тоҷикистони азизро ба давлати дар ҳақиқат меҳмоннавоз, сулҳпарвар ва фарҳангдӯсту сайёҳӣ муаррифӣ намоем.

Саёҳат Абдуллоева, муловини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg