БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САРВАРИ ДАВЛАТИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН МЕҲМОННАВОЗУ ДУРАНДЕШ АСТ!

АНДЕША.Тоҷикистон кишвари офтобрӯяву дорои неъматҳои бебаҳои табиӣ буда, маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаю хушсифат дорад ва дар ҷаҳон бо меваю сабзавоти аълосифат, хушкмеваҳо ва таомҳои лазизи миллӣ шуҳрати беандоза касб намудааст.

Тоҷикистон бо сарватҳои табиӣ, бахусус обҳои мусаффо ва меваю сабзавоти шаҳдбораш кишварест нотакрор. Тавассути баргузории чорабиниҳои гуногун барои шинос кардан бо анъанаи меҳмоннавозии тоҷикона, таъриху фарҳанг, маданияти бойи миллати тамаддунофар, муаррифии имкониятҳои фаррохи сайёҳӣ, ҳунарҳои қадимаи мардумӣ ва ҷалби шумораи зиёди сайёҳони хориҷӣ тадбирҳои судманд андешида мешавад.

        Таъкид кардан ба маврид аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон одатҳои олии меҳмоннавозии тоҷикона доранд ва ба расму оинҳои меҳмоннавозии мардумамон беандоза арҷ мегузоранд. Ҳамин аст, ки “Шоми дӯстӣ” ба ифтихори иштирокчиёни Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё сурат гирифт. Бояд гуфт, ки барои баргузории чорабинӣ яке аз мавзеъҳои хушбоду ҳавои кишвар бӯстонсаройи беруназшаҳрии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар ноҳияи Варзоб интихоб гардид. Дар шоми дӯстӣ сарони давлатҳо аз намоишгоҳи неъматҳои табиии диёри биҳиштосои мо дидан намуданд. Дар ин номоишгоҳи пуршукӯҳ меваю сабзавот, хушкмеваю асал ва дигар неъматҳои бебаҳои табиии кишвари мо ба маъраз гузошта шуданд, ки ба меҳмонони олимақом хеле писанд омаданд. Ҳадаф аз баргузор кардани сайругашти шомгоҳӣ ва пешкаш кардани дастархони тоҷикӣ дар мавзеи хушбоду ҳаво – муаррифии мавзеъҳои зебову нотакрори кишвари биҳиштосоямон, таъриху тамаддун, фарҳанг, расму оини неки меҳмоннавозии тоҷикона, шиносоӣ бо ҳунарҳои бою қадимаи мардуми тамаддунофари тоҷик, намунаи дастовардҳои ҳунармандони соҳибзавқи кишвар, таомҳои миллӣ, анвои гуногуни хурока, нону шириниҳо, меваҳои тару тоза ва хуштаъм, хушкмеваҳо ва дигар маҳсулоти кишоварзии сарзамини ганҷхези Тоҷикистон мебошад.

Воқеан, меҳмоннавозии анъанавии тоҷикон аз қадим хусусияти хоси дӯстонаю самимияти баланд дошта, Тоҷикистон дар олам ҳамчунин бо таомҳои хушлаззати миллӣ маъруф аст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо анъанаҳои  олии меҳмоннавозии тоҷикона маҳбубияти хоса дошта, ҳар як меҳмони Тоҷикистонро самимона пазироӣ менамояд.

Боиси ифтихору ҳикмат аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббускориҳои наҷиб, ибрати шахсӣ ва иродаи нерӯманди худ ҷиҳати таъмини амнияту осоиштагиву рушду нумӯи Ватани азизамон ҳамчун Пешвои миллат, халқро ба созандагиву бунёдкорӣ ва худшиносии милливу ватанпарастӣ ҳидоят намуда, девори устувору бегазанди соҳибистиқлолиро бунёд сохтанд. 

 

 

Абдулҳаев Маҳмадсаид- Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg