БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАШАББУСИ НАВБАТИИ САРВАРИ ДАВЛАТИ ТОҶИКОН ДАР БАРГУЗОРИИ СМҲТБО АЗ ҶОНИБИ ДАВЛАТҲОИ САЙЁРА ДАСТГИРӢ ЁФТ!

АНДЕША. Ҳамоиши  панҷуми  Машварати  ҳамкорӣ ва  тадбирҳои  боварӣ дар  Осиё, ки бо  талошҳои  пайгиронаи  Сарвари  давлати  мо  рӯзҳои 14  ва  15 июни  соли  ҷорӣ дар  пойтахти  кишвари  мо   баргузор  гардид, қариб  ҳамаи  сарони  давлатҳои қитъаи  Осиё  ва инчунин,  як  қатор  давлатҳои  нозирро ба ҳам овард. 

Дар  доираи  ин  Ҳамоиш  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ- Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон бо  як  қатор  сарони  давлатҳои  иштирокчӣ  оид  ба  вазъ  ва  дурнамои  муносибатҳои  дуҷониба  ва  бисёрҷониба мулоқот  намуда, оид  ба  ҳалли  мушкилоти  глобалии  сайёра ва  мубориза бо  таҳдиду хатарҳои  ҷаҳони  муосирро баррасӣ  намуданд. Дар  ҳамаи  мулоқоташон  Роҳбари  давлат    ҷиҳати муборизаи  муштарак бар  зидди  терроризми  байналмилалӣ ва  ифротгароӣ, ҳамкориҳои  амниятӣ, имзои  созишномаҳо, таъсиси  гурӯҳҳои  муштараки  корӣ  омодагии  давлати  моро  иброз  доштанд.

Бо  мақсади  дар  сатҳи  баланди  ташкилӣ доир  кардани  ҳамоиши  навбатии  сатҳи  байналмилалӣ, пойтахти  Тоҷикистон- шаҳри  Душанбе ороста  шуда, шиору  овезаҳо  бо  матни  истиқболи  сарони  давлатҳои  иштирокчӣ ва  нозир, рамзи  ҳамоиш  дар  кӯчаву  хиёбонҳои  пойтахти  Ватанамон  насб  гардиданд.  Дар доираи  баргузории   ин  Ҳамоиши бонуфуз  аҳли  сайёра таваҷҷуҳи худро    ба  шаҳри  Душанбе-макони  баргузории   Ҳамоиши  панҷуми  Машварати  ҳамкорӣ ва  тадбирҳои  боварӣ  дар  Осиё  нигаронида, қариб  ҳамаи   васоити  ахбори  оммаи  сатҳи  ҷаҳонӣ  онро   инъикос  намуданд. Истиқболи  гарму  самимӣ,   расму  оини  қадимаи  меҳмоннавозӣ  ин  сарбаландии  ҳар  як  фарди    миллати  тамаддунофари тоҷик  буда, бори  дигар  мо  дар  арсаи  ҷаҳонӣ  муаррифӣ  гардидем.

Мавриди  зикр  аст, ки  ҳамаи  ин  бо  талошҳои  хастагинопазир  ва  ташаббусҳои  ҷаҳонии  Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  оид  ба  ҳалли  мушкилоти  глобалии  сайёра, истифодаи  самараноки  имкониятҳои  мусоиди ҳамкориҳо байни  кишварҳо  мебошад.

Бояд  қайд  намуд, ки  МҲТБО барои  мубодилаи  васеъ ва  ошкорои  афкор оид  ба  роҳҳои  таҳкими  ҳамкории  амалӣ бо  мақсади  таъмини  сулҳу  субот ва  ҳамдигарфаҳмӣ таъсири  хеле  ҷолиберо  ба  бор  овард.

Ализода  Сураё, раиси  КИ  ҲХДТ  дар ноҳияи Носири  Хусрав

       

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg