БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ АЗ ХАТАРҲОИ ҶИДДӢ БА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ МЕБОШАД

АНДЕША. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дастовардест, ки аз ҷиҳати аҳамияти сиёсӣ ва маънавиаш дар тули ҳазорсолаҳо шабеҳ надорад. Агар насли имрӯзаи тоҷикистониён ин маъниро амиқ дарк намояд, пас барои ӯ ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ бояд қарз ва вазифаи ҳаётан муҳим маҳсуб гардад.

Ҳаргуна хатар ба Истиқлолияти давлатамон бояд мавриди тадқиқи ҷиддӣ қарор дода шуда, намудҳо ва шакли зуҳуроти онҳо дақиқ, роҳҳо ва усулҳои пешгирии онҳо муайян ва баҳри аз байн бурдани онҳо тадбирҳои мушаххаси самаранок амалӣ карда шаванд.

Чунин ба назар мерасад ва ин бояд асоси воқеӣ ҳам дошта бошад, ки терроризм ва экстремизм дар замони ҳозира яке аз хатарҳое ба Истиқлолияти давлатӣ мебошанд, ки ба масъалаҳои геополитикӣ сахт тавъам мебошанд.

Дар умум мафҳуми геополитика ба роҳ мондани сиёсати давлатҳо, хусусан сиёсати берунаи онҳоро дар асоси факторҳои географӣ дар назар дорад. Аммо воқеияти ҷаҳони имрӯза нишон медиҳад, ки ба маънои геополитика абарқудратҳо, зери пардаи манфиатҳои миллиашон, тобиши нисбатан дигарро додаанд. Яъне абарқудратҳо сиёсати берунаи худро нисбати давлатҳои дигар дар асоси факторҳои географии он аз қабили: ҷойгиршавии географии давлат; тӯли сарҳади давлатӣ ва хусусиятҳои хоси маҳалли тӯлкашии он; иқлим ва захираҳои табии давлат ва монанди инҳо ба роҳ монда, барои мустаҳкам намудани мавқеи геополитикии худ аз тамоми омилҳои машрӯъ ва ғайримашрӯъ истифода мебаранд.

Яке аз усулҳои ғайримашрӯъи онҳо - ин зери ниқоби манфиатҳои миллиашон ҳавасманд гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ мебошад. Мисоли инро дар таърихи навтарин дидан мумкин аст, ки дар ҳудудҳои зери манфиатҳои геополитикии абарқудратҳо қарордошта чӣ гуна аз гурӯҳҳои хурд - хурди экстремистиву террористӣ то ташкилотҳои азими террористӣ бо ҳамаи нишонаҳои як давлати тамом, аз қабили «Толибон», «Ал- Қойида» ва ниҳоят ташкилоти террористии аз ҳама даҳшатноки ба ном Давлати исломӣ арзи вуҷуд кардаанд. Баъзе мушоҳидаҳо гувоҳи онанд, ки маҳз манфиатҳои геополитикии абарқудратҳо кишварҳои Ховари миёна ва Афғонистони ҳамсоя кишвари моро ба лонаи терроризм ва экстермизм табдил додааст.

Ҳамин тариқ, шаке нест, ки терроризм ва экстремизм аз хатарҳои ҷиддитарин барои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Пас, барои пешгирӣ карданин зуҳурот, муқовимат намудан ба густариши он чӣ бояд кард? Пеш аз ҳама, бояд аниқу равшан дарк намуд, ки худи табати ин зуҳурот аз чӣ иборат аст, оё фаҳмиши ягонаи терроризм ва экстремизм, хусусан фаҳмиши ҳуқуқии он дар сатҳи байналмилалӣ мавҷуд ҳаст ё не, муқовимати самаранок бо он чӣ гуна бояд ба роҳ монда шавад.

Бояд зикр намуд, ки дар ҷаҳони имрӯза терроризм тамоман аз мафҳуми аввалаи худ фарқ карда, он аз як ҷинояти муқаррарӣ ба як идеология ва доктринаи ҳалли масъалаҳои сиёсиву иҷтимоӣ бо роҳи зӯроварона ва даҳшатафканӣ мубаддал гаштааст. Агар чанд соле пештар гурӯҳҳои террористӣ танҳо ба таркишу кушторҳои алоҳида, ноором кардани вазъият, таъсир расонидан ба тасмимгирии мақомоти давлатӣ даст мезаданд ё ин ки ҳадди аксар тасарруфи қудратро дар кишварҳои алоҳида доштанд, имрӯз онҳо нияти бунёди империяҳои бузург ва барҳамзадани низоми дунявиии давлатдориро дар қисматҳои бузурги олам доранд.

Яке аз самтҳои муҳими мубориза бо терроризм ва экстремизм, шомилшавӣ ба чунин созмонҳо ва иштирок дар муҳорибаҳои мусаллаҳона дар ҳудуди дигар кишварҳо ин сари вақт ошкор ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсони ба чунин ҷиноятҳо дастзада мебошад.

Бинобар ин дар асоси қарори Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2015, бо фармони якҷояи Прокурори генералӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор барои ташкилу роҳбарӣ намудани тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалиётҳои ҷангӣ ва муқовиматҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ ва гузаронидани чорабиниҳои саривақтии оперативии ҷустуҷуӣ баҳри ошкору ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани ташкилкунандагон (ҷалбкунандагон)-и ин категорияи ҷиноятҳо аз ҳисоби кормандони пуртаҷрибаи ин мақомотҳо Ситоди ягонаи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуда, то ин дам фаъолияти басамарро ба роҳ гузоштааст ва кор дар самти мазкур идома дорад.

Дар умум, вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки ҳар як фарди ҷомеа, тамоми мақомоти давлатӣ зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳамкорӣ барои пешгирӣ намудани терроризму экстремизм фаъолиятро боз ҳам ҷоннок намуда, барои таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро истифода намоем.

Зардиев Ҳусниддин, узви гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg