БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МЕҲМОНОН АЗ МЕҲМОНАВОЗИИ ТОҶИКОНА БО ЯК ҶАҲОН ТААССУРОТИ НЕКУ ХОТИРМОН БА КИШВАРҲОИ ХУД БАРГАШТАНД

АНДЕША. Вохӯрии сарони 27- мамлакати ҷаҳон, ки санаи 14.06.2019 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмононро қабул намуд.

Бояд қайд кард, ки ташкилоти мазкур бо ташаббуси Президенти нахустини Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев таъсис дода шуда, айни ҳол дар ҳайаташ 27- давлатҳои дунёро дар бар мегирад, ки дар онҳо 50% аҳолии кураи замин зиндагӣ менамоянд.

Пешвои муаззами миллат ҳамчун Раиси Анҷуман бо сухани ифтитоҳӣ ба кори машварат ҳусни оғоз бахшида, сарони давлатҳои аъзои созмон ва ҳайати намояндагӣ САМИТИ кишварҳои Осиёро  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам  намуданд. 

Мақсад аз ҷамъ омадани ҳайати намояндагии Самити кишварҳои Осиёгӣ аз он буд, ки масъалаҳои муосири дунявӣ ва таҳдидҳои нави геопалитикии дунё ва терроризм, экстремизми ҷаҳониро дар якҷоягӣ бо кӯмаку дастгирии якдигар бартараф намоянд.

Машварат оид ба ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё нақши пойгоҳи муҳими табоддули васеъ ва кушодаи ақидаҳо, ҷиҳати таҳкими ҳамкории амалӣ бо мақсади таъмини сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва муваффақ шудан ба консенсуси фароосиёӣ доир ба мушкилоти аслиро мебозад.

Тоҷикистон дар чунин як раванд фаъолона иштирок намуда, барои расидан ба мақсаду вазифаҳои таҳкими ҳамгироии байни давлатҳои Осиё дар бахшҳои ҳарбию сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ, ки дар доираи машварат мувофиқа шудаанд, саҳми худро гузошт.

Инчунин, баҳри истиқболи гарму ҷӯшони меҳмонони олиқадр,  шаҳри Душанбе,  кӯчаю   хиёбонҳо, назди бинои “ Кохи Наврӯз” бо овезаҳо, гулу гулбуттаҳо ороста шуда буд, ки сарварони мамлакатҳоро  ба санъати баланди меъморию гачкорӣ ва кандакории устоҳои ҳунарманди тоҷик шинос намуданд.

Махсусан оростани дастархони миллии тоҷикӣ ва зиёфатҳои хӯрокҳои миллӣ, ки дар дараи зебоманзари Варзоб ороста шуда буданд ва табиати дилрабою обҳои босафои шаршараҳояш диққати меҳмононро  ба худ ҷалб карданд.

Дар дараи зебоманзари Варзоб намоиши меваю маҳсулотҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маърази тамошои сарварони давлатҳои САМИТИ кишварҳои Осиё гузошта шудаанд. Мақсади асосӣ ба мамлакатҳои дунё нишон додан буд, ки  Тоҷикистон макони меваҳои шаҳдбору ширин ва аз ҷиҳати экологӣ тозаю  хуштаъм мебошанд.

Ҳамаи меҳмонон аз меҳмонавозии халқи тоҷик хеле хурсанд шуда,  бо як ҷаҳон таассуроти неку хотирмон  ба мамлакатҳои худ баргаштанд.

Каримов Пирмаҳмад, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳияи Данғара                                                   

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg