БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОҶИКИСТОН-МИЗБОНИ ЧОРАБИНИИ САТҲИ ОЛӢ

АНДЕША. Рӯзҳои 14-15-уми июн дар шаҳри Душанбе Ҳамоиши панҷуми машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё баргузор гардид, ки дар он сарони 27 давлати дунё иштирок доштанд. Тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардаанд, аз қабили мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории фаромилӣ аз масъалаҳое меҳварӣ буданд, ки зимни баргузории машварат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.  

Дар ин шабу рӯз аҳли сайёра ба шаҳри Душанбе - макони баргузории Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамуданд. Миллати тамаддунофари тоҷик бори дигар бо расму оини қадимаи меҳмоннавозии анъанавӣ меҳмонони ҳамоишро гарму самимӣ истиқбол гирифт.

Воқеан дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе доир гардидани ин машварати сатҳи олӣ барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ шараф ва мояи ифтихор аст, зеро он дар баланд гардидани обруву нуфузи Тоҷикистон ва халқи тоҷик дар арсаи байналмиллалӣ ҳамчун миллати созандаву ободкор такони ҷиддӣ бахшид. Меҳмонону иштирокдорони нишасти Душанбе, ки аксари онҳо бори нахуст ба Тоҷикистон ташриф оварда, пешрафту дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз наздик медиданд, ҳамеша аз меҳмоннавозиву пазироии мардуми тоҷик, зебогиву дилрабоии пойтахти кишвар, гулгашту хиёбонҳои он, усулҳои хосаи миллии меъмории тоҷикон, табиати нотакрор ва меваҳои шаҳдбори он сухан мегуфтанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли солҳои охир дар соҳаҳои гуногун – иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳанг ва дигар самтҳо ба дастовардҳои назаррас муваффақ гардида, ба маркази баргузории чорабиниҳои бузурги сатҳи баланди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш андешаҳои худро вобаста ба мавзӯъҳои матраҳгардида изҳор дошта, аз ҷумла қайд намуд, ки: «Зуҳуроти афзоишёбандаи терроризму ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ ҳамоно ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ хатар ба бор меоранд. Мубориза бо ин таҳдидҳо аз ҳамаи давлатҳои аъзои Машварат андешидани тадбирҳои муштараки таъхирнопазирро тақозо менамояд. Баъди аз сар гузаронидани ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми қарни гузашта Тоҷикистон қадру қимати сулҳу суботу оромиро ва зарурати мутлақи ҳифзу таҳкими онҳоро дарк намуда, гиромӣ медорад.»

Ин суханон бозгӯйи онанд, ки Тоҷикистон ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо терроризму экстремизм қарор дорад ва тамоми тадбирҳоро баҳри пешгирии он меандешад. Ҳарчанд таъмини амният, рушд ва шукуфоии қораи Осиё ҳадаф ва рисолати аслии ин созмони бонуфузи байналмилалӣ ба шумор меравад, вале масъалаҳои дар барномаи нишасти Душанбе ҷойдодашуда ба нафъи на танҳо давлатҳои қитъаи Осиё, балки саросари ҷаҳон равон карда шудаанд.

Боварии комил дорем, ки ин ҳамоиш барои таъмини амнияту осоиштагӣ, пойдории сулҳу суботи сартосарӣ дар ҷаҳон, тавсеаи ҳамкории гуногунсоҳа, рушду пешрафт ва шукуфоӣ дар қораи Осиё такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Ватанзода Саидҷаъфар, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант

 

 

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg