БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СЕ РӮЗ ТАВАҶҶУҲИ ҶАҲОНИЁН БА ПОЙТАХТИ ТОҶИКИСТОН ШАҲРИ ДУШАНБЕ НИГАРОНИДА ШУДА БУД!

АНДЕША. Аз 13 то 15 июни соли 2019 дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе  Ҳамоиши 5 – уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба хотири ҳамзистии осоиштаи мардум, муборизаи дастаҷамъона ба муқобили терроризм, экстремизм, қочоқи силоҳ, одамрабоӣ ва дигар падидаҳои номатлуб   шуда гузашт, ки дар кори он сарони аксари давлатҳои Осиё иштирок ва баромад намуданд.

 Давоми се рӯз таваҷҷуҳи ҷаҳониён ба пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ба рафти ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ ва натиҷагирӣ аз он нигаронида шуда буд.

Чарабиниро 650 нафар кормандон воситаҳои ахбори омма аз тариқи телевизион, радио ва  шабакаҳои интернетӣ  инъикос намуданд.

Боиси зикр аст, ки бо талошҳои хайрхоҳона,  пешниҳод ва ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли мушкилоти глобалии сайёра, аз ҷумла истифодаи сарфакоронаи об ба хотири дастрасии мардуми сайёра ба оби тозаи  ошомиданӣ,  ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза ба муқобили  терроризм, экстремизм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил дар замони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе якчанд маротиба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ гардид. Доир гардидани чунин чорабиниҳои бонуфуз обрӯи давлату миллати моро дар арсаи байналмилалӣ меафзояд. Сокинони  сайёра кишвари моро боз ҳам хубтар мешиносанд ва барои сафари сайёҳӣ намудан ба Тоҷикистони биҳиштосо шавқу ҳавас пайдо менамоянд.

Дар рафти Ҳамоиши панҷуми Машварати Ҳамкорӣ ва тидбирҳои боварӣ дар Осиё ва баъди  он ҳам ҳайати меҳмонон ба расму оини қадим ва  анъанаи меҳмоннавозии  миллати тамаддунофари тоҷик шинос гардиданд.

Боиси сарбаландӣ ва ифтихори мо - тоҷикон аст, ки Президенти кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ходими давлатию сиёсие, ки ҳамеша баҳри беҳбудии зисту зиндагии мардуми сайёра сайъю талош менамояд, мешиносанд  ва эҳтиром мекунанд.

Дар баҳое, ки Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск дар сафари нахустинаш ба Тоҷикистон ба фаъолияти Пешвои миллат дод, ягон зиёдагӯӣ дида намешавад:

 “Воқеан, мардуми тоҷикро шахсияте роҳбарӣ мекунад, ки бисёре аз кишварҳои сайёра доштани чунин Сарварро орзу мекунанд”

Ҳамаи онҳое, ки дар Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё баромад намуданд, ба хизматҳои шоистаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  баҳри зиндагии тамоми сокинони сайёра пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд,  баҳои баланд   дода, аз он умедворӣ намуданд, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми ба Ҳамоиши мазкур раисӣ  намудан ҳам  дар кори ҳамзистии осоиштаи давлатҳои Осиё корҳои неку назаррасро ба анҷом мерасонад.

Мо – ҳизбиён дар қатори сокинони кишвар  бо роҳбарии Пешвои миллат  қадам ба қадам пеш меравем, месозем, бунёд мекунем, сатҳи зиндагии худро беҳтар месозем.

Имрӯз дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ бо дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар корҳои созандагию бунёдкорӣ ба ифтихори 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷӯшу хурӯш аст.  

 Ноҳияи Ховалинг дар масъалаи созандагию буёдкорӣ алҳол  корзорро мемонад.  Дар ҳар қадам рафти бунёди иншооте ба чашм мерасад. Бе муболиға Ховалинг дар як муддати кӯтоҳ симои худро ба куллӣ дигар намудааст.

Мо - ҳизбиён ба хизматҳои арзандаи Пешвои миллат арҷ мегузорем ва ҳамеша кӯшиш менамоем, ки    дар пайравӣ бо Сарвари давлат   дар корҳои ободонию созандагӣ  ҳиссагузор бошем. 

Хушвахт Яқубов, узви гурӯҳи вакилии ҲХДТ  дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг

            

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg