БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУАРРИФГАРИ ТОҶИКИСТОНИ БИҲИШТОСО ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ АСТ!

АНДЕША. Баргузории Саммити сарони давлатҳои аъзои машваратӣ ва тадбирҳои эътимод дар Осиё, ки 15 июни соли равон  бори аввал дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе доир гардид,  дар муаррифӣ ва  баланд  гардидани обрӯю эътибор ва нуфузи Тоҷикистони  тозаистиқлоли моро дар сатҳи байналмилалӣ баланд бардошт.    

Бо шарофати ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе макони баргузории чорабиниҳои сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ гардидааст. Дар  чорабинии сатҳи баланд меҳмонону иштирокдороне, ки дар шаҳри Душанбе иштирокчии бевосита буданд,  аксари  онҳо бори нахуст ба Тоҷикистон ташриф оварданд, пешрафту дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз наздик, бо чашми худ диданд. Онҳо алакай  эҳсос карданд, ки  Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ дар зарфи 28 соли  соҳибистиқлолӣ бо ҳидоят ва роҳнамоии Пешвои миллат, Президенти кишвар,  Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чӣ гуна ба дастовардҳо ва пешрафтҳоро соҳиб гардидааст, хусусан  ба рушди босуръати пойтахти  мамлакатамон шаҳри Душанбе, ки имрӯзҳо  симои худро ба кулли  тағйир дода,  ба яке аз  шаҳрҳои муосири сабзу хуррам ва гулпӯш табдил ёфтааст.    Дар ҳақиқат Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи солҳои охир дар соҳаҳои  гуногун- иқтисодиёт, иҷтимоиёт фарҳанг ва дигар  самтҳо  ба дастовардҳои  назаррас ноил гардида, ба маркази баргузории чорабиниҳои бузурги сатҳи баланди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Боиси ифтихор ва сарбаландии мо мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон раисии ин созмони муътабарро то соли 2020 ба уҳда  дорад ва фаъолияти муваффақонаро  пеш мебарад, ки ин масъулияти бузург мебошад.            

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон    муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввали суханронӣ дар ҷаласаи сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои  кишварҳои  аъзои МҲТБО таъкид намуданд, ки «Зуҳуроти афзоишёбандаи терроризму ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ ҳамоно ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ хатар ба бор меоранд. Мубориза бо ин таҳдидҳо   аз ҳамаи давлатҳои аъзои Машварат андешидани тадбирҳои муштараки таъхирнопазирро тақозо менамояд».        Ҳамзамон дар идомаи суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки баъди аз сар  гузаронидани ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми қарни гузашта Тоҷикистон қадру қимати  сулҳу суботу оромиро ва зарурати мутлақи ҳифзу таҳкими онҳоро дарк намуда, гиромӣ медорад.

Ҷойи таъкиди хос мебошад, ки дар ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ  зиёда аз 27 давлати дунё , аъзои созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ иштирок  ва суханронӣ намуданд. Ҳамзамон иштироки зиёда аз 700 нафар рӯзноманигорон аз давлатҳои  хориҷ барои инъкоси чорабинии сатҳи баланд ширкат доштанд, ки аз ҷониби Тоҷикистон барои рӯзноманигорон тамоми шароитҳои корӣ фароҳам оварда шуда,  аз ҷониби худи рӯзноманигорони хориҷӣ баҳои баланд дода шуд.

Дар чорабиниҳое, ки фақат имсол дар шаҳри Душанбе  барпо гардидаанд, зиёдтар аз 100 давлату созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ иштирок карданд.  Намояндагони ин давлатҳо аз гулу гулгаштҳо ва хиёбонҳои зебои Душанбешаҳр тамошо карда, баҳои баланд доданд.

Боиси қайд аст, ки ҳамаи ин  дастовардҳо корҳои ободонию созандагӣ бевосита аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти  кишвар  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон башорат  медиҳад ва бевосита Пешвои миллат муррифгари Тоҷикистони биҳиштосо дар арсаи байналмилалӣ мебошад. 

Давлатҷон Ғаффорзода,  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ                                                     

  

 

    

 

        

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg