БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФ МО РЕШАКАН КАРДАНИ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ ДАР ҶОМЕА АСТ!

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар деҳаи Қарашувоқи ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ масъулини Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз   дар бораи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки рӯзҳои наздик дар шаҳри Душанбе пойтахти  ҷумҳуриамон баргузор гардид, суҳбати самимона  анҷом доданд, ки писанди ҳамагон гардид ва аз ҷониби сокинон  ин ташаббуси неки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ ёфт.

Инчунин, дар идома  ҳодисаи дар маҳбаси шаҳри Ваҳдат ба вуқӯъомада,  пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, хурофоту бегонапарастӣ, ки ҳадафи асосии ҲХДТ решакан кардани зуҳуроти номатлуб дар ҷомеаи имрӯза мебошад, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg