БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБИ ҲИФЗИ СОЛИМИИ МИЛЛАТ ЯКЕ АЗ ҲАДАФҲОИ АСОСИИ ҲХДТ МЕБОШАД

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Маркази сил” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев қайд кард, ки тарғиби ҳифзи солимии миллат яке аз ҳадафҳои асосии ҲХДТ ба шумор меравад. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ диққати махсус дода,  барои беҳтар кардани инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ  тамоми кӯшишҳоро ба харҷ додааст. Ҳоло дар 19 шаҳру ноҳияи мамлакат “Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кӯмаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019” амалӣ гардида истодааст ва ин таҷриба давра ба давра тамоми кишварро фаро мегирад. Дар давоми се соли оянда дар Тоҷикистон беш аз 560 беморхонаву марказҳои саломатӣ ва дигар иншоотҳои соҳаи тандурустӣ бунёд карда мешавад.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg