ФАРХОР.Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Сокинони деҳаи Навободи ноҳияи Фархори бостонӣ бо мақсади ободу зебо гардонидани деҳа, махсусан, сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Аксияи ҳизби «Якҷоя ҳал мекунем!» ба ҳашари умуми деҳавӣ баромаданд.
Дар ин рӯз иштирокдорон асосан ба тозаю озода кардани оромгоҳи деҳа, ки яке аз фазилатҳои неки инсонӣ мебошад, машғул шуда, корҳои зиёдеро дар ин оромгоҳ ба анҷом расониданд.
Инчунин, дар қисмати сиёсии чорабинии ҳизбӣ масъулин атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду нумуи кишвар ва истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ андешаронӣ карданд.