БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОҶИКИСТОН МИЗБОНИ САММИТИ МАШВАРАТИ ҲАМКОРӢ ВА ТАДБИРҲОИ БОВАРӢ ДАР ОСИЁ ГАРДИД

ПАНҶ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Саммити МҲТБО  идомаи татбиқи  табдбирҳои боварӣ ва табдил додани Осиё ба минтақаи сулҳу суббот ва шукуфои дар асоси муколамаи фарогир аст. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки раёсати давраии Машварат оид ба ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё барои солҳои 2018 – 2020 ба зиммаи  кишвари ҷавони мо- Тоҷикистон вогузор карда шудааст. 

Дар ин доира бо иштироки масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар махаллаи Сомонӣ-1-и ҷамоати деҳоти Намуна мулоқоти ҳизбӣ роҳандозӣ гардид.

Дар вохўрӣ вакил ва собиқадори ҳизб Носиров Ёғибек иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимни баромадҳо қайд гардид, ки 27 давлати Осиё аъзои ин Машварат буда, он соли 1992 таъсис ёфтааст. Тоҷикистон омода аст, ки  дар чунин як раванд фаъолона иштирок намуда, барои расидан  ба мақсаду вазифаҳои тахкими  ҳамгироии байни давлатҳои Осиё саҳми худро гузорад.

         Дар идома иштирокдорони мулоқот аъзоёни ташкилоти ибтидоии «Сомонӣ-1» дастаҷаъмона ба ҳашари мумӣ баромада, дар чароғонкунии кўчаи марказии маҳалла ҳиссагузор шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg