БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САЛОМАТИИ МАРДУМ БОИГАРИИ ДАВЛАТ АСТ

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Оид ба омӯзиши самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Заргарон” хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

Дар хониши сиёсӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сайҷалол Сатторов дар бораи самтҳои мазкур ба таври муфассал маълумот дод.

Аз баромад ҳамагон дар бораи вазъи сиёсии ҷаҳон ва падидаҳои номатлуби он, аз ҷумла  аз нав тақсимкунии ҷаҳон, доман паҳн намудани терроризму экстремизм,  гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, нашъамандию нашъаҷалобӣ, коррупсия, бемориҳои хавфноки сироятӣ ва дигар масъалаҳои ҳалталаб дониши кофӣ пайдо намуданд.

Баъдан Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” гузаронида шуда, як қатор корҳои  ободонӣ  анҷом дода шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg