БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҲСОЗӢ АМАЛИ ХАЙРУ САВОБ АСТ!

ЁВОН. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Ҷиҳати дастгирии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар  ташкилотҳои ибтидоии “Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои ноҳия” ва “Раёсати коммуналӣ”  дар партави Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” як қисми роҳҳои дохили Ҷамоати шаҳраки Ёвон корҳои таъмиру азнавсозӣ  баргузор гардида истодааст.

Дар доираи корҳои созандагию бунёдкорӣ ва роҳандозии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 22-солагии  Ваҳдати миллӣ зиёда аз 400 метр роҳҳои дохили шаҳрак асфалтпӯш карда шудааст, ки аз ин иқдоми неки ҲХДТ  сокинон сарфарозанд.

Инчунин, пас  аз анҷоми  корҳои амалӣ  масъулин дар бораи  пешрафту шукуфоии Ватан, анҷоми корҳои хайру сахо ба хотири   паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон андешаронӣ карда, аз иштирокдорон барои  саҳмгузорӣ дар  ҳадафҳои барномавии ҲХДТ изҳори миннатдорӣ баён карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg