ДАНҒАРА. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Бо мақсади ободиву шукуфоӣ ва саҳмгузорӣ дар корҳои созандагӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ин навбат дар ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Данғара дар шоҳроҳи Данғара-Бохтар корҳои ободонӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва аъзои ташкилоти ибтидоии “ Лоҳур” фаъолона иштирок намуданд. Мақсад аз баргузории корҳои созандагӣ тозаю озода намудани роҳҳои байни минтақаҳо ва дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 22- солагии Ваҳдати миллӣ мебошад.
Баъдан дар қисмати сиёсии чорабинӣ масъулини ҳизбӣ атрофи ташаббусҳои неку ояндадори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва ҳадафҳои созандаи он андешаронӣ карданд.